[go: nahoru, domu]

Jump to content

Амини Истаравшанӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Амини Истаравшанӣ
Аминҷонов Турсунпӯлод Турдимуродович
Таърихи таваллуд: 25 май 1949(1949-05-25) (75 сол)
Зодгоҳ: Ӯротеппа
Навъи фаъолият: шоир

Амини Истаравшанӣ (Аминҷонов Турсунпӯлод Турдимуродович; тав. 25 майи 1949, Ӯротеппа) — шоир ва рӯзноманигори тоҷик. Корманди шоистаи Тоҷикистон (1994).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Турсунпӯлод Амини Истаравшанӣ моҳи майи соли 1949 дар шаҳри бостонии Ӯротеппа Истаравшани имрӯза таваллуд шудааст. Падараш Аминҷонов Турсунмурод аз ҷумлаи аввалин рӯзномаиигорони шаҳр ва модараш Бобоҷонова Каромат дар сафи аввалин омӯзгорони Истаравшан дар солҳои сиюми асри гузашта буданд.

Хатмкардаи УДТ (1971). Дар идораҳои сиёсӣ-байналхалқӣ, иқтисодӣ, инчунин идораи барномаҳо барои ҷавонон ва бачагони радио ва телевизиони тоҷик (1971—2006) дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.

Аз соли 2006 муовини сардори Раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳо ва муносибатҳои байналмилалии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ.

Маҷмӯаҳои ашъори Амини Истаравшанӣ «Назми Парвин» (1999), «Бахти хусравонӣ» (2000), «Нигини сиришк», «Муноҷоти ошиқ» (ҳарду 2006), «Сарводаи каромат» (2009) ба табъ расидаанд. Муаллифи силсилафилми «Роҳи муқаддас» (дар бораи ҷараёни Ҳаҷ) мебошад. Озодӣ, сулҳ ва ватандӯстӣ ғояи асосии осори Амини Истаравшаниро ташкил медиҳанд. Дар анвои адабии ғазал, қитъа, рубоӣ, дубайтӣ, шеър эҷод мекунад.

Мукофоту унвонҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Советии Олии ҶШС Тоҷикистон (1989) сарфароз гардидааст. Узви ИН Тоҷикистон аз соли 2006.

  • Баёзи адибони Истаравшан. — Душанбе: «Эҷод», 2009. — 288 саҳ.