[go: nahoru, domu]

Jump to content

Юған

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Юған
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Prangos Lindl., 1825

Юған, уған, угон, вогун, вигна, варх (лот. Prāngos) — як ҷинси гиёҳҳои бисёрсолаест аз оилаи чатргулҳо.

Тавсифоти гиёҳшиносӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баргаш дарози панҷадор (30—100 см), гулаш зард, мевааш калони паррадор. Моҳи май — июн гул мекунад, моҳи август— сентябр тухмаш пухта ба замин мерезад. Уған аз тухмаш афзоиш меёбад ва беш аз 200 сол умр мебинад. Уған гиёҳи заҳрнок буда, пӯсти баданро «месӯзонад» (обила мезанонад).

Уганзорҳо қариб дар тамоми кӯҳсори Тоҷикистон (дар баландии 700—3400 м аз сатҳи баҳр) дар нишебиҳои камхоки регу сангзор вомехӯранд.

Онҳо бештар дар минтақаи субалпии республикаамон ҷоигиранд. Уғанзорҳои табиии ҷумҳуриро баҳору тобистон ҳамчун чарогоҳ (як қисми онро ҳамчун алафдарав) истифода мебаранд. Уған хӯроки хуби чорвост.

Уғани хӯрокӣ (Prangos раbularia)-ро мардуми Осиеи Миёна дар тибби халқӣ барои муолиҷаи бемориҳои пӯст (хоришак, қӯтур) истифода мекунанд. Маҳлули аз баргу пояи уған тайёр кардашуда барои муолиҷаи милки дандон ва дандондард давои хубест. Реша, баргу поя ва меваи уған моддаҳои зиёди кумаринӣ дорад.

Бино бар иттилооти пойгоҳи додаҳои The Plant List, ҷинс шомили 19 намуд мебошад[2]:

  1. Об условности указания класса двудольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Двудольные».
  2. Prangos(англ.). The Plant List. Version 1.1. (2013). 1 октябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 апрели 2019.