[go: nahoru, domu]

Jump to content

Абдурраҳмонбег

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдурраҳмонбег
Таърихи таваллуд 1856(1856)
Зодгоҳ Бухоро
Таърихи даргузашт 1916(1916)
Пеша(ҳо) ҳофиз, оҳангсоз, машшоқ

Абдурраҳмонбег (1856, Бухоро — 1916, ҳамон ҷо) — мусиқидон, таснифсоз, хонанда, навозанда ва оҳангсози тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зодгоҳаш Бухоро буда аслу насабаш аз Насаф аст. Санъати сарояндагӣ ва навозандагиро дар Бухоро аз худ намудааст. Зимни ҳамнишинӣ бо устодони «Шашмақом» Бобоҷалол Носирзода ва Бобоғиёс Абдулғанизода ба қатори беҳтарин хонандагону сарояндагони мақомҳои классикӣ расидааст. Абдурраҳмонбег муддате дар дарбори манғитиён (Абдулаҳад) мутриб буда, дере нагузашта хидмати дарборро тарк мекунад. Абдурраҳмонбег дар миёни аҳли санъати мусиқии Бухоро бо истеъдоди баланди сарояндагиву мутрибиаш ном бароварда, дар тартибу тадвини матни «Шашмақом» ва қисмҳои созию овозии он саҳм гузоштааст.

Бо саъйи ӯ чандин манзумаи мақомҳо («Рисолаи Шашмақом», «Рисола дар шаш мақом», «Рисолаи шашмақоми мусиқӣ») таълиф гардидаанд. Абдураҳмонбег ба қисматҳои таронавии мақоми «Наво»-и «Шашмақом» аз ҷиҳати матн ва сабки иҷроиш тағйирот даровардааст. Абдураҳмонбег инчунин танбӯрнавоз ва оҳангсози соҳибзавқ буда, дар мизони таронаву навоҳои халқӣ бо таъсири мақомҳои классикӣ асарҳои шаклан мураккаб эҷод намудааст. «Абдурраҳмонбегӣ» аз ҷумлаи таснифоти машҳури ӯст.

  • Баёзи Шашмақом, Д., 2008;
  • Донишномаи Шашмақом, Д., 2009.