Бобо Аннанов
Baba Annanow | |
| |
Таърихи таваллуд: | 20 феврал 1934 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт | 21 декабр 1991 (57 сол) ё 27 декабр 1991[1] (57 сол) |
Маҳалли марг: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | ҳунарпеша, коргардони филм, филмноманавис |
Ҷоизаҳо: | |
IMDb: | ID 0030278 |
Бобо Аннанов (туркманӣ: Baba Annanow; 20 феврали 1934, Ашқобод — 27 декабри 1991, ҳамон ҷо) — ҳунарпеша ва коргардони туркман, Артисти халқии СССР (1985).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Донишкадаи театрии шаҳри Тошкандро соли 1959 хатм намуда, дар театри шаҳри Чорҷӯ кор кардааст. Солҳои 1961 – 91 режиссёр студияи телевизиони Ашқобод буд.
Дар студияи «Туркманфилм» ролҳои зиёд офаридааст: Гулманов («Имтиҳони аввалин»), Шерсинг («Роҳи охирин»), Ортиқ Боболӣ («Қадами қатъӣ»), Черкез («Роҳи аробаи сӯзон»), Санъат («Тасодуф дар паҳлӯ»), Атобоев («Ранги тило») ва ғаайра. Асосан образи одамони мубориз, қавиирода, поквиҷдон ва фаъоли ҷомеъаро иҷро менамуд.
Аннанов Бобо дар киностудияи «Тоҷикфилм» нақши ҳамзамононро дар як силсила филмҳо хеле боварибахш офаридааст: Ӯртабоев («Одам пӯсташро иваз мекунад»), босмачӣ («Ҳеҷбудагон…»), Хуршед («Ҷинояткор ва ҳимоятгарон»), полковник Мӯъминов («Дастгиркунӣ»), подполковник («Ба дӯстон хиёнат намекунанд»).
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дорандаи Мукофоти ҶШС Туркманистон ба номи Махтумқулӣ (1966).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Internet Movie Database (ингл.) — 1990.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аннанов Бобо // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Баба Ананов(англ.) дар вебгоҳи Internet Movie Database