[go: nahoru, domu]

Jump to content

Картошкапиёз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Картошкапиёз
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Allium ascalonicum L., 1756
Мутародифот

Картошкапиёз (лот. Allium ascalonicum) — як навъ пиёз, ки нисбат ба пиёзи муқаррарӣ (A. cepa) сербех (аз 3 то 40-то) аст.

Таввсифоти гиёҳшинохтӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бехаш бунафш, сурх, зард ё сафед буда, барги нарму борик дорад; чандон тунд нест. Картошкапиёзро бештар чун рустании дусола мепарваранд. Соли якуми кишт дар ҳар бехи он 4‒5 бехпиёзи майдаи баҳамчаспида мерӯяд (соли дуввум аз онҳо тухмӣ гирифтан мумкин). Дар натиҷаи афзоиши нашвӣ (яъне аз бехпиёз) картошкапиёз хуб наш­вунамо карда, ҳар бехи он 20‒30 дона бехпиёз мебандад (вазни ҳар кадомаш 35‒50, баъзан 80‒90 г). Бехи картошкапиёз лӯнда, байзашакл, шалғаммонанд ва ғ. мешавад. Картошкапиёзро би­но бар неш назаданаш муддати дароз (аз тирамоҳ то ба­ҳор) нигоҳ доштан мумкин аст; дар шароити водии Ҳи­сор то апрел 98 % ва дар шароити ноҳияҳои Файзободу Рашт то июн 96%-и картошкапиёз нигоҳ дошта мешавад. Соли дуввум ё севвуми кишт пояаш аз 60‒90 см то 1 м қад мекашад. Ҳар бехи картошкапиёз вобаста ба навъ то 25 поя ҳосил мекунад. Гули картошкапиёз осмониранг буда, нисбат ба бехпиёзи муқаррарӣ дер­тар мешукуфад. Мевааш серӯя, тухмаш майда (210‒­320 донааш 1 г), сиёҳтоби сеқира; пардаи ғафс дошта, қобилияти сабзишашро то 3‒4 сол гум намекунад.

Картошкапиёзро бештар сокинони Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Файзобод ва Ҳисор дар ҳаётаашон парвариш мекунанд. Онро дар сартосари ҷумҳурӣ кишт кардан мумкин аст. Бартарии картошкапиёз дар он аст, ки моҳҳои июл ‒ август (яъне дар даврае, ки аз пиёзи муқараррӣ барг гирифтан хеле душвор аст) ба миқдори зиёд барги тару тоза медиҳад. Картошкапиёз рустании сармобардор аст. Тухмаш дар ҳарорати 2‒3 °С неш мезанад. Дар ҳарорати 15‒25 °С хуб нашвунамо карда, ба хунукии то 7 °С ва гармии 30 °С тоб меоварад. Дар шароити То­ҷи­кистон картошкапиёзро аз тухмӣ ва бехмевааш парвариш мекунанд. Кишти он дар водиҳои Вахш ва Ҳисор моҳҳои феврал ‒ март, дар мавзеъҳои кӯҳсор моҳҳои апрел ‒ май мувофиқ аст. Дар ҳар га 1,8‒2 т бехпиёз (дар умқи 6‒8 см) шинондан лозим аст. Ба ҳар га 15‒20 кг тухми картошкапиёзро (дар умқи 1,5‒2 см) мекоранд. Баргашро баъди 20‒25 см дароз шудан канда, тару тоза истеъмол мекунанд. Бехи картошкапиёз бо бехи пиёз тақр. дар як вақт (моҳи июл) мерасад. Баъди хушк шудани барг картошкапиёзро аз замин кашида, 6‒8 шаборӯз дар ҷояш мехушконанд ва баъд ҷамъоварӣ мекунанд. Аз ҳар га андаряк 450‒500 сентнер ҳосил гирифтан мумкин аст. Картошкапиёз хӯрокро хуштаъм намуда, кори узв­ҳои гуворишро ба низом медарорад, ҳазми ғизоро беҳтар мекунад. Дар таркиби картошкапиёз 6‒12 % қанд, 3‒4,5 % сафеда, 0,4‒5 % равған, витаминҳои А, В1, В2, С, РР мавҷуданд; хусусан витамини С (дар баргаш 16‒33 %, дар бехмевааш 2‒10 %) бисёр аст. Ғайр аз ин намакҳои калий, калсий, фосфор, оҳан ва ғ. низ дорад. Картошкапиёзро ба сифати доруи пешоброн ва барои пешгирии зангила (синга) низ истифода мебаранд.

  • Балашев Н. Н., Земан Г. О. Овощеводство. Тошкент, 1981;
  • Матвеев В. П., Рубцов М. И. Овощеводство. М., 1985.